Либоси миллӣ яке аз рукни асосии миллат мебошад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби бонувони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” акси тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани ҳисси миллӣ нисбат ба либосҳои миллӣ мебошад.
Дар иқдоми мазкур меҳмонон аз хориҷи кишвар низ иштирок намуданд.

Дар доираи аксияи "Тоҷикона мепӯшем!" - дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои коршиносони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки ба вохӯрии донорҳо ташриф оварда буданд, бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги тоҷикон, намоиш аз таомҳои миллии кишвар баргузор карда шуд.